Аз нишастҳои матбуотӣ

Даромади андоз аз нақша зиёд аст

№22 (4918) 17.02.2025

ШоҳмансурРаиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ даромад аз ҳисоби андоз 108 фоиз таъмин карда шуд.

Нақшаи умумии даромадҳо дар ин муддат 1176,9 миллион сомониро ташкил дода, ба буҷети давлатӣ маб­лағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ 1271,1 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 100 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 103 фоиз иҷро гардида, 313,3 миллион сомонӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид шудааст, ки 8,4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи тасдиқгардидаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 100 фоиз иҷро гардида, нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 16,4 фоиз ё 48,1 миллион сомонӣ зиёд ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия равона шудааст.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»