Даромади «Тоҷикматлубот» — 97,1 миллион сомонӣ

№18 (4758) 07.02.2024

DSC_8194Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 28-уми марти соли 2023 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» 2305 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира кард.

Фурӯши маҳсулоти захирашуда аз якуми декабри соли гузашта оғоз гардид. Ин нуктаро муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода шашуми феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

- Соли 2023 бозорҳои иттифоқ бомаром фаъолият намуда, фурӯши меваю саб­завот васеъ ба роҳ монда шуд, — изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, даромади умумии «Тоҷикматлубот» соли сипаришуда 97,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 ним миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»