Аз нишастҳои матбуотӣ

Даст ба ҷиноят задани ҷавонон коҳиш ёфт

№101 (4841) 19.08.2024

Abdurahmon-AlamshozodaТайи нимсолаи аввали соли 2024 дар мамлакат 11804 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузаш­та 11612 ҷиноятро ташкил медод. Дар ин хусус муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдураҳмон Аламшозода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба қавли номбурда, дар ин давра аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 5 ҳазору 585 ҷиноят ошкор гардида, 4 ҳазору 727 ҷиноят мавриди тафтиш қарор дода шуд, ки кушодашавии он 87,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он 41 ҳолат, роҳзанӣ-11, ғоратгарӣ-33, таҷовуз ба номус-17, хариду фурӯши одамон-38, авбошӣ-776, қаллобӣ-1820, дуздӣ-2036, тамаъҷӯӣ-200 ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 317 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

- Дар шаш моҳи аввали соли 2024 аз тарафи ноболиғон 332 ҷиноят содир шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74 ҳолат зиёд аст. Бо иштироки ҷавонон 1604 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 109 ҷиноят кам мебошад, — иброз намуд Абдураҳмон Аламшозода.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар мамлакат 539 садамаи нақлиётӣ рӯй дода, дар онҳо 236 нафар ба ҳалокат расидааст ва 570 нафар ҷароҳат бардоштанд. Шумораи садамаҳои нақлиётӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз, маҷруҳшудагон — 13,3 ва ҳалокшудагон 22,3 фоиз зиёд аст.

Дар ин давра 494 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 ҳолат кам аст. Бинобар ҳодисаҳои сӯхтор 9 шаҳрванд фавтидаанд, ки аз онҳо 7 нафарашон ноболиғон будаанд. Ҳаёти 37 нафар шаҳрванд аз коми сӯхтор наҷот дода шуда, маблағи зарари аз сӯхтор расида 12 миллиону 137 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»