- Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар оғози соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини соҳаи маориф бо кадрҳои баландихтисос дар Раштонзамин таъсис ёфтааст, зеро дар ин давра норасоии мутахассисони соҳибтаҳсилот дар минтақа мушкили аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори он Маҳмадёр Раҷабзода.
Бино ба маълумоти ӯ, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада аз 25 феврали соли 2022 таҳти №7 бо мақсади ҳавасмандгардонии ҳайати омӯзгорон дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус мукофотпулӣ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 15 ҳазор сомонӣ ва рисолаи докторӣ 25 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд.
Зикр гардид, ки дар донишкада стратегия, консепсия ва барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида, рафти иҷрои онҳо дар Шӯрои олимони донишкада баррасӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, итттилоъ дода шуд, ки донишкада соли 2021 ба ҳайси узви комилҳуқуқи Ассотсиатсияи Донишгоҳи Осиё пазируфта шуда, маҷаллаи он — «Паёми ДОТ дар ноҳияи Рашт» ба Шохиси илмии иқтибосшудаи Россия шомил гардид.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»