Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соли сипаригашта 780 зан аз панҷ ноҳияи вилояти Хатлон дар соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ, коркарди шир ва пашм дастгирӣ ёфтанд. Бояд гуфт, ки дастгирии занони деҳот ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо аз самтҳои афзалиятноки татбиқи лоиҳа мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримов маълумот дод
Дар доираи татбиқи лоиҳа 82 ташкилоти худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ки дар асоси эҳтиёҷоти онҳо 118 зерлоиҳа дар ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин амалӣ шуданд. Аз ин шумора 98 зерлоиҳа ба хариди техника ва мошинолоти гуногун, 7 зерлоиҳа ба сохтмон ва барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, 6 зерлоиҳа ба сохтмони хатҳои оби нӯшокӣ, 3 зерлоиҳа ба сохтмон ва барқарорсозии чоҳҳои обкашӣ, 3 зерлоиҳа ба таъмири роҳҳои дохили деҳаҳо ва 1 зерлоиҳа ба сохтмони гузаргоҳ рост меояд, — иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин, Саъдӣ Каримов зикр кард, ки ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника 238 адад техника ва 1 ҳазору 184 адад мошинолоти гуногун ба ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик дастрас шуд. Ҳоло мутобиқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо, тавассути техникаҳои дастрасшуда киштукор, коркарди заминҳо, боғу токзор, обод намудани роҳҳои дохили деҳаҳо ва дигар корҳои рӯзмарра сари вақт амалӣ шуда истодаанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,«Садои мардум»