Иштирок дар амалиёти ҷангии кишварҳои дигар аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ҷинояти вазнин маҳсуб меёбад.
Ин нуктаро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошта, афзуд, ки агар шаҳрвандони кишвар сари вақт аз амалиёти ҷангии дигар давлатҳо даст кашанду ихтиёран ба Ватан баргарданд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»