Аз нишастҳои матбуотӣ

Дастовардҳо зиёданд, вале…

№102 (4842) 23.08.2024

3- Дар шаҳри Ваҳдат нимсолаи якуми соли равон 129 корхона ба қайд гирифта шуда, 29 корхона бинобар рақобатпазир набудани маҳсулот ва фарсуда гардидани таҷҳизот фаъолият накарданд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 590 миллиону 519 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94 миллиону 53 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 18,9 фоиз аст. Дар ин давра 81 корхонаи саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд ва 20 корхона кам кардаанд, — изҳор дошт раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳи бештарро ба иҷрои қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва истифодаи мақсадноки маблағ равона намуд. Дар ин замина қисми даромади буҷети маҳаллӣ 108,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 155 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки дар қиёс ба нақша 11 миллиону 584 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз 9 намуд андози маҳаллӣ танҳо андоз аз захираҳои табиӣ иҷро нагардид.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 627 миллиону 273 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 миллиону 357 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиш 5,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 44380 тонна сабзавот, 23653 тонна ғалладона, 22169 тонна картошка, 6571 тонна мева, 15596 тонна хӯроки чорво, 6722 тонна гӯшт, 12124 тонна шир, 41 миллиону 885 ҳазор дона тухм, 5,6 тонна пилла, 87,7 тонна пашм ва 206 тонна моҳӣ истеҳсол гардид.

Журналистон оид ба вазъи ногувори кӯчаҳои маркази шаҳр, савдои кӯчагӣ, партовҳои назди биноҳои баландошёна ва соҳили дарёҳои Кофарниҳону Элок суол пешниҳод карданд. Раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода барои дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон супориш дод.

М. ЗОКИР,

«Садои мардум»