Аз нишастҳои матбуотӣ

Дастовардҳо зиёданду камбудиҳо ҳалли бетаъхирро тақозо доранд

№ 09.08.2023

Saidzoda_muhammadtoirНатиҷаи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ ва  санҷиши сатҳи сифати таҳсилот маълум намуд, ки дар самти мустаҳкам намудани заминаи модӣ-техникӣ, таъмини муассисаҳо бо омӯзгор, адабиёт ва донишазхудкунии  хонандагону донишҷӯён нисбат ба солҳои пеш пешравӣ ба назар мерасад,- гуфт директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода дар нишасти матбуотӣ, ки 8-уми августи соли равон  доир шуд.

-Масалан, дар 431 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маҳаллӣ сатҳи донишазхудкунӣ 78, 2 фоиз, дар 24 муассисаи таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта (литсей, гимназия, мактабҳои президентӣ) 82,1 ва дар 8 муассисаи олии касбӣ 73, 3 фоиз зиёд шудааст, — афзуд Саидзода.

Иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон ватани азизи ман» низ назаррас буда, то андозае боиси  баланд гаштани сатҳи дониши онҳо гардидааст.

Бо вуҷуди пешравиҳо, дар фаъолияти баъзе муассисаҳои таълимӣ камбудиҳо ба назар мерасанд, ки ҳалли бетаъхирро мехоҳанд. Чунончи, муассисаҳои таълимашон бо забони русӣ ва англисӣ ҳанӯз ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин нестанд. Ғайриихтисос дарс гуфтани омӯзгорон, мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои таълимӣ аз фанҳои химия, физика, биология, норасоии ҷойи нишаст аз мушкилоти зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ арзёбӣ шуд.

Иттилоъ гирифтем, ки дар зинаи таҳсилоти касбӣ низ камбудиҳо ҷой доранд. Тибқи талабот роҳандозӣ нашудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, воқеъбинона баҳогузорӣ нашудани дониши онҳо, камтар ҷалб шудани устодони дорои унвон ва дараҷаи илмӣ ба талабот ҷавобгӯ набудани паркҳои технологӣ, ба корҳои илмӣ кам ҷалб гардидани устодони ҷавон аз зумраи мушкилоте мебошанд, ки роҳбарони муассисаҳо бояд, ки барои бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»