Аз нишастҳои матбуотӣ

Дастовардҳои соҳа аз нигоҳи вазири фарҳанг

№16 (4436) 05.02.2022

IMG_510431 январи соли равон нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор гардид. Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода зикр кард, ки соли сипаригардида пур аз комёбиву дастовардҳо буд, ки бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ноил гардидем. Дар ин сол бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла ҷамъбасти даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», ҷашнвораҳои «Шашмақом» ва «Фалак» дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. 6 — 11 октябри соли 2021 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва 12 — 15 октябр Рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор шуд. 13 октябр дар Осорхонаи Гимейи шаҳри Париж таҳти унвони «Тоҷикис­тон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон намоиши нигораҳои халқи тоҷик ифтитоҳ ёфт.

Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 2991 довталаб ширкат варзида, 314 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Даври ниҳоӣ 13 ноябри соли 2021 баргузор шуда, 79 кас сазовори ҷоизаҳои озмун гардиданд. Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва Фестивал — озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» низ дар сатҳи баланд доир шуданд. Бо мақсади дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик 17 декабр озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2021» баргузор шуд.

Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои китоб 7 — 17 июни соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 2832 китоб ройгон тақсим гардид.

- Қобили зикр аст, ки 18 август бо мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нишасти 18-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои СҲШ дар шакли маҷозӣ ташкил шуда, дар ҷараёни он низомнома ба имзо расида, ду созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ ба Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод гардид, — гуфт З. Давлатзода.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»