Аз нишастҳои матбуотӣ

ДАТ. 120 хатмкунанда ба ҷои кор таъмин шуданд

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

mahmadyorzoda-mamur- Моҳи майи соли равон дар донишгоҳ «Ярмарка — тақсимоти хатмкунандагон ва таъмини мутахассисони ҷавон ба ҷои кор» баргузор шуд, ки тибқи мактубу дархостҳо, зиёда аз 120 хатмкунанда ба ҷои кор таъмин гардиданд, — гуфт ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маъмур зимни нишасти матбуотӣ, ки 13 июли соли ҷорӣ баргузор гашт.

Бино ба қавли ӯ, ҳар сол дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти №262 барои таъмин кардани хатмкунандагон ба ҷои кор бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ «Ярмарка — тақсимоти хатмкунандагон» баргузор мешавад.

Гуфта шуд, ки донишгоҳ барои ба ҷои кор таъмин кардани хатмкунандагон бо идораҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо, хоҷагиҳои алоҳидаи фермерӣ, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои истеҳсолӣ робитаи зич дошта, тибқи дархосту пешниҳоди онҳо, аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ мутахассиси ҷавон ба кор фиристода мешавад.

Соли таҳсили 2021-2022 донишгоҳро 1471 нафар хатм карда, аз онҳо 409 кас бо баҳои аъло имтиҳони давлатӣ ва рисолаи хатм супориданд. Илова бар ин, 38 хатмкунанда соҳиби дипломи аъло шуданд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

 «Садои мардум»