Аз нишастҳои матбуотӣ

ДАТ ветеринарҳои англисидон омода менамояд

№19 (4915) 10.02.2025

3- Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2024-2025 аз рӯи 53 ихтисос довталабонро қабул карда, мутахассисонро дар доираи гурӯҳи ихтисос (кластер)-ҳои 1, 2 ва 5-ум омода менамоянд, — хабар дод ректори донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода дар нишасти матбуотӣ.

Номбурда зикр кард, ки дар таърихи донишгоҳ аввалин маротиба гурӯҳи англисӣ ташкил шуд.  Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар оянда теъдоди чунин гурӯҳҳоро дар факултетҳо зиёд намояд.

Дар соли 2024  аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 19 китоби дарсӣ, 64 дастури методӣ, 8 монография, 19 тавсиянома, 1062 мақолаи илмӣ нашр гардида,  98 мақолаи   устодони донишгоҳ дар хориҷи кишвар ба табъ расидааст.

М. СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»