Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда рушди минтақавии вилоят ба 15,1 миллиард сомонӣ расида, суръати рушд 8,2 банди фоизӣ таъмин гардид.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1,3 миллиард сомонӣ (911,2 миллион сомонӣ зиёд) ворид шуд.
Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» аз 368 лоиҳа 170 лоиҳа ба маблағи 4,8 миллиард сомонӣ (56,5 фоиз) татбиқ гардида, дар 86 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.
Дар ин давра ба вилоят 5 миллиону 930 ҳазор доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 70 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки аз вилоят 2000 тонна нуриҳои минералӣ, 5578 тонна калобаи ришта, 32,8 ҳазор тонна нахи пахта, 183,5 ҳазор тонна семент ва 198 тонна матоъ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя содир гардид.
Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи кишвар зиёда аз 27 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7290 тонна зиёд мебошад.
Дар давраи мавриди назар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,02 миллиард сомонӣ расида, рушди саноат асосан аз ҳисоби истихроҷи маъдан, саноати коркард ва хизматрасонии об таъмин гардид.
Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 6260 иншооти дарнақшабуда 3090 адади он бо харҷи 2,5 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд, ки 49,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Вобаста ба суоли хабарнигори рӯзнома дар бобати ба таври зарурӣ иҷро нагардидани «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (дар доираи ин барнома аз 240 иншооти дарнақшабуда ҳамагӣ 9 муассисаи томактабӣ сохта шудааст) раиси вилоят чунин посух дод:
- Дар ҳақиқат, фарогирии наврасон ба муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи паст қарор дорад. 21 фоиз фарогирӣ бо назардошти таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Яке аз омилҳое, ки метавонад ба ин раванд таъсири мусбат расонад, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ аст. Имрӯз соҳибкороне, ки хоҳиши бунёди муассисаҳои томактабиро доранд, зиёданд. Мушкиле, ки дар ин самт ҷой дорад, ҷудо намудани қитъаи замин мебошад. Мо дар ин самт ҳатман ҳамкорӣ менамоем.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»