25 январи соли ҷорӣ нишасти матбуотии КВДҶ «Агролизинг» бо иштироки директори он Юсуф Акрамов ва ҷамъи мутахассисини соҳа баргузор гардид. Аз гузориши манзуршуда бармеояд, ки талошҳои КВДҶ «Агролизинг» натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Корхона бобати таъсису мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ, ворид намудани техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ, сари вақт ва босифат гузаронидани кишту шудгори тирамоҳӣ ва баҳорӣ, ҷамъоварии ҳосил, гузаронидани амалиёти иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, оқилона ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва гардишӣ, таҳияи лоиҳаҳо оид ба дарёфти қарзҳои имтиёзнок аз ташкилоту бонкҳои сармоягузор тадбирҳои муайянеро роҳандозӣ намудааст. Бобати сохтани базаи нигоҳдории техникаю таҷҳизот ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Вахши вилояти Хатлон, Тоҷикобод, Лахши водии Рашт, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд пешсафанд.
Соли 2016 аз ҳисоби гузаронидани амалиёти лизингӣ 17 643 200 сомонӣ, подоши лизингӣ — 2302 000, марказҳои хизматрасонии техникӣ — 1 991 200, маҷмӯан 21 936 400 сомонӣ ба корхона ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015- ум 3 010 840 сомонӣ зиёд мебошад.
Корхона дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 23 285 892 сомонӣ 134 адад техника ва 213 адад таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ харидорӣ намуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тариқи иҷораи молиявӣ додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 7 946 192 сомонӣ зиёд мебошад.
Айни ҳол дар 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 17 адад зиёд буда, ба онҳо 196 адад техника гуногунтамға ва 919 адад таҷҳизот ба маблағи 28 807 272 сомонӣ вобаста шудааст.
Мирзо РУСТАМЗОДа, «Садои мардум»