Аз нишастҳои матбуотӣ

ДБССТ. Шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонд

№21 (4917) 14.02.2025

rectorРектори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки донишгоҳ бо 54 корхонаю ташкилоти истеҳсолӣ ва хизматрасонии ватанию хориҷӣ барои ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтани донишҷӯён шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини ҳамгироии байналмилалии раванди таҳсил дар донишгоҳ бо ҷалби омӯзгорон, олимону коршиносони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла аз муассисаҳои таълимӣ ва илмии Британияи Кабир, Ҳиндустон, Индонезия, Нидерланд, Малайзия, Чин, Олмон, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, беш аз 150 маърӯзаи маҷозӣ, машварат, машғулияти шабакавӣ ва озмунҳои таълимӣ баргузор карда шуд.

- Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ пойгоҳи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гардида, беш аз 120 донишҷӯ ба даври ройгони омӯзиши «Фарҳанги дастархондорӣ» фаро гирифта шуд. Ин донишҷӯён ба чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси хизматрасон ҷалб мегарданд, — афзуд У. Асрорзода.

Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»