- Боиси хушнудӣ ва ифтихори мо, омӯзгорону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) аст, ки 1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, ду бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд. Ифтитоҳи биноҳо боис гардид, ки дар донишгоҳ нуҳ лабораторияи таълимӣ, китобхонаи илмӣ-электронии муосир, толори маҷлисгоҳ барои 600 нафар, 37 синфхона ва 22 утоқи корӣ ташкил ёфт. Дар натиҷа, шумораи ҷойҳои нишаст ба 7557 адад расид, ки нисбат ба як соли пеш 3061 адад зиёд аст, — изҳор дошт ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ 9 феврали соли 2022 ва афзуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 таҳти № 17 ба донишкада мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, он Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» номгузорӣ гардид. Ҳамчунин, бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бо дарназардошти иқтидор ва рушди минтақаҳои мамлакат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд таъсис ёфтанд.
Дастоварди дигари донишгоҳ дар соли гузашта бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис шудани факултети муштарак миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад. Соли таҳсили 2021-2022 қабули довталабон ба он роҳандозӣ шуда, тибқи созишнома, муҳассилин ду сол дар Тоҷикистон ва ду сол дар Федератсияи Россия таҳсил менамоянд. Ҳамчунин, розигии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъсиси кафедраи ҳарбӣ дар донишгоҳ дода шуда, дар назди ҳайати коллективи меҳнатӣ масъулияти баланд ва иҷрои вазифаҳои навро ба миён мегузорад.
Шумораи кафедраҳо аз 14 адади соли 2020 ба 18 адад расонида, баҳри иҷрои дастури вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори идоракунии донишгоҳ тағйирот ворид ва дар заминаи факултетҳои мавҷуда факултети нави «Технологияҳои рақамӣ ва менеҷмент» ташкил карда шуд.
Яке аз масъалаҳои муҳими самти тарбия дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл, нимятим, маъюбон ва амсоли онҳо, мебошад. Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат соли гузашта дар арафаи иду ҷашнҳо кумакҳои яквақтаинаи донишгоҳ ба ашхоси ниёзманд, аз ҷумла мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, расонида шуд. Ятимони кул аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод гардиданд. Онҳо бо хӯроки гарми яквақтаина таъмин буда, барояшон дар арафаи иду ҷашнҳо сарулибос харидорӣ гардида, аз 1 январи соли 2022 барояшон стипендияи раёсати донишгоҳ низ дода мешавад.
Дар шароити муосир ҷалби довталабони хориҷӣ яке аз омилҳои баланд бардоштани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳоло шумораи донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ 400 нафарро ташкил дода, баҳри боз ҳам бештар намудани теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар ДБССТ тадбирҳо андешида мешаванд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»