- Аз якуми январи соли 2025 музди меҳнати ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ 10 фоиз зиёд карда шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукурулло Хайрзода.
Соли 2024-ум 12 омӯзгори донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Донишгоҳ аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, се нафар соҳиби ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», як нафар ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гардиданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»