Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДФСТ бо 28 донишгоҳу донишкада қарордоди ҳамкорӣ дорад

№21 (4283) 16.02.2021

РекторҶашнгирии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нишасти матбуотие, ки 11 феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» баргузор гардид,  ректори он Муҳриддин Низомӣ  нишони садоқат ба давлату миллат, рамзи муҳаббат ба Ватан, арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат арзёбӣ намуда, онро чорабинии фараҳбахши сол дар донишкада номид.

Дар доираи ин ҷашни бошукӯҳ бо ибтикори ҲХДТ бо унвони «Пешвои фарҳанг­парвари миллат» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Муҳриддин Низомӣ  аз дастовардҳо сухан ронда, зикр кард, ки соли 2020 дар заминаи факултет ва кафедраҳо 26 чорабинии илмӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва эҷодӣ баррасӣ гардиданд. Қобили зикр аст, ки 5 омӯзгори донишкада рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Омӯзгори донишкада Қурбони Собир аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани унвони профессор  мушарраф гардид.

Ба наздикӣ дар факултети режиссура, кино ва телевизион кафедраи нав -  «Технологияи кино ва телевизион» бо ихтисосҳои «WEB-журналистика», PR — робита бо ҷомеа» ва «Кинотелеоператор» таъсис ва аз соли  оянда  қабули довталабон шурӯъ мешавад. Ҳоло 86 донишҷӯи хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо 28 донишгоҳу донишкада шартномаи ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба имзо расидааст.

А. МИРЗОЕВ,

«Садои мардум»