Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 дар муассиса 7 ихтисоси нав: таърих ва назарияи фарҳанг, таъриху фарҳангшиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик -фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, забон ва адабиёти тоҷик — китобхонашиносӣ, забон ва адабиёти тоҷик — рӯзноманигорӣ, кори осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ (таърих ва музеология), санъати актёри театри мусиқӣ- мазҳакавӣ таъсис дода шуд.
- Дар давраи ҳисоботӣ 28 донишҷӯ тариқи Квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуда, барои кор ба маҳалли зисташон фиристода шуданд. Дар донишкада аз рӯи 32 ихтисос довталабон дар бахши рӯзона, фосилавӣ ва ғоибона қабул шуданд,- афзуд ректори донишкада.
Зимни нишасти матбуотӣ, инчунин, иттилоъ дода шуд, ки айни замон донишкада бо 59 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ дорад. Аз ҷумла, дар донишкада 60 донишҷӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил дошта, 11 донишҷӯ ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой ва 5 нафар ба ДДУК ба номи С. Герасимови шаҳри Москва интиқол ёфтаанд.
М. СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»