Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДФСТ. Дар 6 моҳ 1 гран-прӣ ва 45 диплому сипоснома

№100 (4840) 16.08.2024

2Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иттилоъ дода шуд.

Ректори донишгоҳ Муҳриддин Низомӣ гуфт, ки соли таҳсили 2023-2024 донишкадаро 396 донишҷӯ хатм намуд, ки 102 нафари онҳо тибқи роҳхат ба ҷойи кор фиристода шуданд. Аз ин теъдод 28 нафар онҳое мебошанд, ки донишкадаро тариқи квотаи президентӣ хатм намуданд. Боқимонда онҳое мебошанд, ки ихтисосҳои санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ (санъати мусиқӣ)-ро бо ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ хатм намудаанд.

Иттилоъ гирифтем, ки имсол 15 нафар донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуда, дар озмуни илмӣ-зеҳнии «Маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», ки бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, филми таҳиянамудаи донишҷӯи шуъбаи филми бадеӣ Шоҳрух Раҳматзода «Нигоҳи гарм» аз рӯи номинатсияи навори пурмазмун ва филми донишҷӯи курси дуюми шуъбаи актёрӣ Тоҳирҷон Кенҷаев «Муҳаб­бати фарзанд» аз рӯи номинатсияи маҳорати актёрӣ сазовори ҷои аввал гардиданд.

Аз натиҷаи иштироки фаъолона ва ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ дар шашмоҳаи аввали сол ба донишкада 46 диплому сипосномаҳо ворид гардид, ки аз як гран-прӣ, чордаҳ дипломи дараҷаи якум ва дигар диплому сипосномаҳо иборат мебошанд.

М. СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»