Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДК соҳиби панҷ озмоишгоҳи замонавӣ гардид

№23 (4606) 10.02.2023

FB_IMG_1675322085826Дуюми феврали соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон иттилоъ дод, ки дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 5 озмоишгоҳи муосири химиявии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин озмоишгоҳ ба донишҷӯёну магистрантон, докторантони PhD, унвонҷӯёну муҳаққиқон имкони васеи озмоишу санҷиш ва таҳқиқотҳои илмиро фароҳам меорад.

 Донишгоҳ аз 7 бинои таълимӣ иборат буда, дорои 7076 ҷойи нишаст мебошад. Феълан дар он 10 факултет: таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ, филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи рус, филологияи хориҷӣ, химия ва биология, физика ва математика, молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, омӯзгорӣ ва фарҳанг, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ амал мекунанд.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шуда, ҳоло дар зинаи бакалавр аз рӯи 60 ихтисос 10 246 донишҷӯ, зинаи магистратура аз рӯи 25 ихтисос 192 магистрант ва дар зинаи докторантураи PhD бошад, аз рӯи 21 ихтисос 73 докторант таҳсил мекунанд.

Шумораи донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ таҳсилдошта дар донишгоҳ 377 нафар (252 духтар ва 125 писар) мебошанд.

Зикр шуд, ки феълан дар донишгоҳ 6 нафар стипендияи президентӣ, 7 донишҷӯ ва 12 омӯзгор стипендияи раиси вилояти Хатлон ва 1 донишҷӯ стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегиранд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»