Понздаҳуми июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Ректори он Ҳамидуллохон Фақеров изҳор дошт, ки муассиса айни ҳол бо 57 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.
Ӯ афзуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти бахши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорон аз хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Алҳол 85 нафар аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар барномаҳои бакалавриатура, магистратура, аспирантура ва докторантураи донишгоҳ таҳсил мекунанд.
Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ ба 5445 нафар расида, 2954 нафар дар шуъбаи рӯзона, 1990 кас дар шуъбаи ғоибона, 340 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 161 нафар дар шуъбаи магистратура таҳсил мекунанд. Инчунин, 249 нафар ба таълиму тарбия машғуланд, ки 49,4 дарсад олимони унвондор мебошанд. Соли равон 2 нафар рисолаи докторӣ ва 7 кас рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ 98 адабиёти таълимӣ (7 китоби дарсӣ, 22 комплекси таълимӣ-методӣ ва 69 дастуру васоити таълимӣ) баррасӣ ва ба чоп тавсия шуданд.
- Аҳли илми донишгоҳ дар 5 самт, вобаста ба 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ тадқиқот гузаронида, 28 монография ба чоп расониданд, — гуфт Ҳ. Фақеров.
Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»