Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода зимни нишасти матбуотӣ роҷеъ ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 иттилоъ дод, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти донишгоҳ мавриди таҳлил қарор гирифта, мутобиқ будани он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои олии касбӣ тасдиқ шуд.
Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду ихтисоси нав — «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» таъсис дода шуд, ки қадами устувор дар рушди ин соҳаҳои муҳим буда, қабул ба ин ихтисосҳо аз соли таҳсили 2025- 2026 шурӯъ хоҳад шуд.
Донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос омода намудани мутахассисони соҳаро дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура, ба роҳ мондааст.
Соли ҷорӣ донишгоҳро 2022 донишҷӯ хатм карданд, ки 314 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 14 кишвари ҷаҳон мебошанд.
Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»-и назди донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз 20 намуд растаниҳои шифобахши ватанӣ 57 номгӯи дору омода кардааст.
А. МУРОДОВ,
«Садои мардум»