Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯи 34 нишондод дар байни 36 мактаби олӣ сазовори ҷои 4-ум гардид.
Тавре ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров дар нишасти матбуотӣ (29 январи соли 2020) иброз дошт, донишгоҳ дорои шароити хуби таълимӣ, заминаи мустаҳками моддӣ-техникӣ, иқтидори кадрӣ, озмоишгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ, соҳиби ҷоизаҳои «Сифати аврупоӣ» ва «Муассисаи беҳтарини Аврупо» мебошад. Дастоварди дигари донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи бакалавр ва 2 барномаи магистрӣ мебошад.
- Раёсат ва профессорону омӯзгорони донишгоҳ фаъолияташонро дар нимсолаи аввали таҳсили солҳои 2019-2020 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд, — афзуд Ҳ. Фақеров.
Дар донишгоҳ 7 бинои таълимӣ, 142 синфхона, 7 озмоишгоҳи таълимӣ, 16 кабинети методӣ, 78 компютер ва дигар таҷҳизоти техникии муосир мавриди истифода қарор дорад. Шумораи донишҷӯён соли ҷорӣ ба 5333 нафар расид, ки 1285 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
248 устод, ки 18 нафарашон докторони илманд, ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 50 фоизро ташкил медиҳад.
Иттилоъ гирифтем, ки соли 2019 дар донишгоҳ шуъбаи нав – тарбия ва ташаккули шахсият ифтитоҳ ёфтааст, ки дар тарбияи маънавии ҷавонон нақши бориз хоҳад дошт.
А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»