- Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бори нахуст дар миёни 39 мактаби таҳсилоти олии касбии кишвар нақшаи қабули довталабонро аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2017-2018 сад дарсад иҷро намуд. Кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки сифати таълимро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохта, ҳамкориро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, — изҳор дошт ректори таълимгоҳ Маҳмадулло Раҷабзода.
Зикр гардид, ки соли 2017 шумораи донишҷӯён ба 3 ҳазору 391 нафар расида, 509 нафар донишкадаро хатм намуданд. Дар донишкада шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъсис ёфта, донишҷӯён аз рӯйи 9 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Пажӯҳишҳо дар самти илм ва инноватсия аз рӯйи равияҳои забоншиносӣ, тарҷума ва тарҷумашиносӣ, методика ва технологияи нави таълими забон ва адабиёт, фалсафа, илмҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ шуда, 12 конференсияи илмӣ — назариявӣ ва илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки донишкада бо 40 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, 120 шаҳрванди хориҷӣ дар он таҳсил менамоянд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ 51 донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон, ИМА, Ҳиндустон сафарбар карда шуданд. Дар асоси созишномаҳои тарафайн 12 омӯзгор барои такмили ихтисос, иштирок дар семинару конференсияҳо, идомаи таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантура (PhD) ба кишварҳои пешқадами хориҷӣ сафар намуданд.
Бино ба гуфти масъулин, соли 2017 ба донишкада сафирони 12 кишвари хориҷӣ ташриф оварданд.
- Кӯшиш дорем, ки солҳои наздик Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро ба донишгоҳ табдил диҳем. Ҳоло як ҳайати бонуфуз дар ин самт кор карда истодааст, — гуфт Маҳмадулло Раҷабзода.
А.МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ