Дар нишасти матбуотие, ки 29-уми июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид, ректори он Усмон Маҳмадёрзода дар ҳузури омӯзгорону мутахассисони донишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баромад намуда, онҳоро бо бурду бохти муассиса дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ошно сохт.
- Дар фаъолияти донишгоҳ шиори «илму амал» нақши хеле муҳим мебозад. Деҳқонӣ на танҳо амал, балки илм аст. Аз ин рӯ, роҳбарияти донишгоҳ ба ҳар ду омил дар фаъолияташ аҳамияти зарурӣ медиҳад,- зикр кард номбурда.
Дар 51 кафедра (40 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) тайёр намудани мутахассисон ҷараён дорад, ки дар онҳо 381 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 6 нафар академик ва 8 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 47 доктори илм, 55 профессор ва 144 нафар номзади илм ба кори таълиму тарбия ҷалб шудаанд.
Бояд зикр кард, ки бе мавҷуд будани замина ва шароити хуби кору таҳсил сифату самаранокии таълимро интизор шудан мумкин нест. Аз ин лиҳоз, пойгоҳи моддӣ – техникии донишгоҳ бо назарддошти гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва илмию татқиқотии донишҷӯёну магистрон, докторантону унвонҷӯ дар 13 бинои таълимӣ, 220 синфхона, 72 озмоишгоҳ, 15 озмоишгоҳи илмӣ – таълимӣ бо 6200 ҷои нишаст дар як бахш, 13 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ ва як китобхонаи электронӣ, 2 хоҷагии таълимӣ – таҷрибавиро тибқи талаботи замони муосир дар худ ҷой додааст.
Дар даъвати навбатӣ 146 нафар хатмкунандагон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд. 11 нафар рисолаҳои номзадӣ, 2 нафар рисолаи докторӣ ва 2 нафари дигар доктори фалсафа (РhD)-ро дифоъ намуданд. Заминаи моддию техникии парки технологиро 4 гармхонаи гулпарварӣ, 2 гармхонаи лимӯпарварӣ, 4 ҳавзи моҳипарварӣ ва хоҷагии КВТТ «Ҳисор» ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «ТИКА»-и Туркия ва «Ассотсиатсияи дӯстии байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Миёна» дар донишгоҳ 3 гармхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд.
Донишгоҳ бо 112 донишгоҳу донишкадаи 14 давлат ва 26 барномаи ташкилоти хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар доираи барномаҳои «Еразмус»лоиҳаи «Таҳкими таҳсилоти олӣ дар бахши об барои муқовимат ба иқлим ва амният дар Осиёи Марказӣ (HWCA)» сазовори грант гардид.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»