Аз нишастҳои матбуотӣ

ДЭТ. Литсеи назди донишкада ба фаъолият оғоз кард

№ 08.08.2023

Диловаршоҳ ИсозодаБо ризоияти Вазорати маориф ва илми мамлакат ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон литсеи назди донишкада ба фаъолият оғоз кард.

Дар ин бора ректори Донишкада Диловаршоҳ Исозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 7 августи соли 2023 баргузор гардид, иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки дар литсей тамоми шароити лозима барои ба таҳсил ҷалб намудани толибилмон муҳайё гардида, он имкон дорад, ки то 400 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро бигирад.

Гуфта шуд, ки дар литсей беҳтарин омӯзгорон аз ҳудуди вилоят ва олимони худи донишкада ба кор ҷалб гардидаанд, ки барои онҳо низ шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст.

Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки аз ҳисоби хатмкардагони листей барои дар оянда сафи донишҷӯёни донишкадаро зиёд кардан заминаи хубе фароҳам гардад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»