Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъсиси панҷ ихтисоси нав дар ДЭТ

№96 (4516) 02.08.2022

5Соли таҳсили 2021 – 2022 дар Донишкадаи энергетии Тоҷикистон панҷ ихтисоси нав таъсис дода шуд, ки довталабон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ихтисосҳоро интихоб кардаанд. Дар ин бора ректори донишкадаи мазкур Диловаршо Исозода 25 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки айни замон дар донишкада 2121 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 883 нафарашон дар шуъбаи фосилавӣ таҳсил мекунанд. Аз 480 хатмкунандаи дараҷаҳои бакалавр, мутахассис ва магистр 13 нафар дар соли хониши ҷорӣ соҳиби дипломи аъло гардиданд.

92 нафар донишҷӯёи донишкада пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, ҳимояи рисолаҳои хатм дар кафедраи ҳарбӣ айни замон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сарбаландона хизмати Ватан – Модарро адо намуда истодаанд.

Дар ин давра аз омӯзгорони донишкада, як нафар рисолаи докторӣ ва ду нафари дигар рисолаҳои намзади илмро ҳимоя намуданд. Чор омӯзгори донишкада дар Форуми минтақавии таълимии «Манбаҳои барқароршавандаи энергия», ки рӯзҳои 26 — 27 апрели соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

- Аз моҳи апрели соли ҷорӣ, бо мақсади амалигардонии Барномаи давлатии «20 — солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020 – 2040» маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи энергетии Тоҷикистон» таъсис ёфта, дари он барои аҳли эҷод, омӯзгорон, олимону докторантон ва аспирантон барои таблиғу татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ дар соҳаи илм боз шуд, — гуфт Диловаршо Исозода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»