Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро 380 донишҷӯ дар зинаҳои бакалавр ва магистр хатм намуда, аз ин шумора 14 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. Дар ин хусус 31-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Диловаршо Исозода иттилоъ дод.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки теъдоди умумии донишҷӯён ва магистрантони донишкада 1512 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 922 кас дар шуъбаи рӯзона ва 564 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар ин давра устодони донишкада соҳиби панҷ патенти ихтироъкорӣ гардида, се омӯзгори муассиса рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.
Барои тавсеаи фаъолият донишкада бо Донишгоҳи давлатии Вятскии шаҳри Кирови Федератсияи Россия ва Пажӯҳишгоҳи миллӣ — тадқиқотии ядроии Донишкадаи муҳандисӣ-физикии Москва созишнома ба имзо расонд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»