Аз нишастҳои матбуотӣ

«Девон»-и Аҳмади Дониш чоп мегардад

№92 (4198) 31.07.2020

Фарход27 июли соли равон оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нишасти матбуотӣ доир шуд. Дар он президенти Акаде­мияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳозиронро бо дастовардҳои олимони тоҷик ошно кард.

- Дар шаш моҳи соли 2020 олимон таҳқиқотро аз рӯи 98 мавзӯъ, аз ҷумла, 57 мавзӯи илмию таҳқиқотии бунёдӣ, 23 мавзӯи илмию таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмию таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Аз тарафи олимони зилзилашинос (сейсмологҳо) бо истифодаи технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотии географӣ (ГИС) харитаи арзёбӣ кардани хатарнокии сейсмикии марзи Тоҷикистон тартиб дода шуд, ки он ба ошкор намудани ҷои пайдоиши фурӯравиҳо ва ярч (лағжида фаромадани қабатҳои замин) ҳангоми заминҷунбиҳо имкон медиҳад.

Инчунин, аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмӣ беш аз 990 кори илмӣ, аз ҷумла, 70 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 915 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 150 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд. Гузашта аз ин, 38 чорабинии илмӣ (8 конференсияи илмӣ, 14 семинари илмӣ, 3 суҳбати гирди миз, 2 мулоқоти расмӣ ва машварати илмӣ) баргузор шуд.

- Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ аз 28 феврали соли ҷорӣ ба истеҳсоли гипохлорити натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо истифода мешавад, шурӯъ гардид. Илова бар ин, бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимик­робӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд.

Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дастгоҳи нафаскашии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шудааст ва дар Беморхонаи клиникии шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ» аз озмоиш гузашт.

Олимони Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои Ӯзбекистон «Девон»-и ашъори Аҳмади Донишро пайдо карда, ба ҳуруфоти кириллӣ баргардониданд. Рӯзҳои наздик он дастраси хонандагони тоҷик мегардад, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ. 

Т. ФАРРУХПАЙ,

«Садои мардум»