ДИТДЭМД. Донишҷӯён назарияву амалияро якҷо меомӯзанд

№ 14.02.2025

 Ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ-тарбиявии филиали Донишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе Тамара Чиркина зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки  дар донишкада ба омӯзиши амиқи забонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Тибқи барнома донишҷӯён забони русиро дар доираи 504 соат ва забони англисиро дар ҳаҷми 252 соат меомӯзанд.

Зикр гардид, ки айни замон 69 донишҷӯ ба андозаи 200 фоиз (470 сомонӣ) ва 8 донишҷӯи аълохон дар ҳаҷми 250 фоиз (585 сомонӣ) идрорпулӣ мегиранд. Таҳсил пурра ба забони русӣ буда, донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои «Неругоҳи барқи обӣ» ва «Таъмини неруи барқ» таҳсил мекунанд.

- Соли сипаригардида донишкадаро 98 нафар донишҷӯёни таҳсили шабона ва ғоибона хатм карданд, ки аз онҳо 10 нафарашон соҳиби дипломи «аъло» гардиданд,- иброз намуд Татяна Чиркина.

Иброз гардид, ки донишҷӯён аз соли якуми таҳсил то ҳимояи рисолаи дипломӣ тибқи шартнома бо ширкати «Барқи тоҷик» дар неругоҳҳои барқи обӣ ва зеристгоҳҳои  барқӣ таҷриба меомӯзанд.

- Донишкада  дорои лабораторияҳои муосири таҷҳизоти офтобӣ, шамолӣ ва неругоҳи хурди барқи обӣ мебошад. Донишҷӯён зимни корҳои лабораторӣ дар таҷҳизоти замонавӣ ба раванди истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ошно мешаванд. Яъне, назарияро бевосита бо амалия мепайванданд,- афзуд номбурда.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»