Ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки муҳимтарин дастовард барои аҳли Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти № 169 ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил додани он мебошад.
Инчунин, қайд бояд кард, ки 8 устоди донишгоҳ рисолаи номзадӣ дар риштаҳои гуногун дифоъ намуданд. Дастоварди дигар имзои Созишномаи грантии «Коркард ва ҷорисозии тарҳи инкишофи соҳибкории инноватсионӣ» аст, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъсиси марказҳои нави инкишофи зеҳнӣ ва эътирофи байналмилалии донишгоҳ қадами устувор хоҳад буд.
Соли панҷум аст, ки қабули довталабон ба муассисаи мазкур тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Имсол теъдоди онҳо ба 40 ҳазору 300 нафар расид ва ин нишондиҳанда ДДМИТ – ро дар ҷойи 6 – ум қарор дод.
Донишгоҳ барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар 6 факултет — молия ва қарз, ҳисобдорӣ ва омор, иқтисод ва бизнес, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт аз рӯи 38 ихтисос шароити зарурии таҳсилро фароҳам овардааст.
Инчунин, донишгоҳ дорои шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ – педагогӣ, 27 кафедра (8 кафедраи умумидонишгоҳӣ, 19 кафедраи тахассусӣ) мебошад, ки дар онҳо 409 омӯзгор, аз ҷумла 14 доктори илм ва 106 номзади илм ба донишҷӯён дарс меомӯзанд.
Мирзо РУСТАМЗОДА «Садои мардум»