Аз нишастҳои матбуотӣ

ДМТ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешсаф аст

№93 (4355) 15.07.2021

DSC_505512 июли соли 2021 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода оид ба фаъолияти нимсолаи донишгоҳ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма мухтасар маълумот дод.

Аз ҷумла, иброз намуд, ки дар партави иҷрои дас­туру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ ва миёни давлатҳои Осиёи Миёна аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашт.

Ҳамчунин, дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ роҳандозӣ гардид, донишгоҳ дар байни 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо гирифтани 182 хол сазовори ҷойи якум гашт.

Дар пояи панҷ Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия чор нафар рисолаи докторӣ ва 20 кас рисолаи номзадӣ дифоъ карданд, ки аз онҳо 11 нафар устодону кормандони донишгоҳ маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин, дар 14 шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар рисолаи докторӣ, 56 шахс рисолаи номзадӣ ва нуҳ кас рисолаи доктор Ph.D дифоъ карданд, ки аз ин 38 нафар устодону кормандони донишгоҳ мебошанд.

Тайи муддати мавриди назар дар маҷаллаҳои донишгоҳ 230 мақолаи илмӣ ба чоп расида, шакли электронии онҳо дар elibrary. ry ва Шохиси илмии тақризшавандаи Россия (РИНЦ) ҷойгир шуданд.

Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию таҳқиқотӣ — «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» бо гирифтани 16 ҷой ва 1 ҷойи ифтихорӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид.

Т. НЕКҚАДАМ,

 «Садои мардум»