Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсус музди меҳнати кормандонашро 10 фоиз зиёд менамояд. Дар ин бора ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ 23-юми июли соли равон иттилоъ дод. Зикр шуд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати кормандони соҳаи илму маориф аз якуми июл 40 фоиз зиёд гардид. Дар пайравӣ аз ин иқдом аз ҳисоби маблағҳои махсус музди меҳнати устодону кормандони донишгоҳ даҳ дарсади дигар зиёд карда мешавад.
Эмомалӣ Насриддинзода фаъолияти донишгоҳро назаррас арзёбӣ намуда, иттилоъ дод, ки профессорон М. Раҳимова ва С. Раҷабзода аз 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон, ки дар шаҳри Ал-Қувайти давлати Қувайт бо иштироки намояндагони 65 давлат доир гашт, бо 2 медали тилло ва Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргаштанд. Донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Шукрона Тоҳирӣ ғолиби мутлақи озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2024» гашт.
Раёсати донишгоҳ ба мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ва сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ тадбирҳои зарурӣ андешид. Бо қарори шурои олимон омӯзгорону кормандони асосии донишгоҳ, ки дар соли 2024 рисолаҳои номзадию доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос PhD), докторӣ ва доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, мутаносибан бо 20 000 ва 30 000 сомонӣ қадр мешаванд.
Дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома зикр шуд, ки ҳоло дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии давлатҳои хориҷӣ дар донишгоҳ 19 лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ амалӣ мегарданд, ки 14-тои он дар самти илмҳои дақиқ мебошанд. Донишгоҳ 24 лоиҳаи дигарро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ пешниҳод намудааст, ки ҳамагӣ ба хотири тадбиқи илм дар амал ё истеҳсолот мебошанд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»