Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 27-уми июли соли равон баргузор шуд, бо зикри чанд дастоварди муҳим, шашмоҳаи сипаригардидаро барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ бобарор арзёбӣ намуд. Гуфт, ки ин муддат бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ ба истифода дода шуд. Он аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар пешбинӣ гардидааст.
Даҳ ихтисоси барои иқтисодиёти кишвар зарурӣ, ки аз рӯи он донишгоҳ мутахассис омода месозад — кори табобатӣ, кори табибию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт.
39 омӯзгори ҷавон бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ таъмин шуданд. Дар пояи факултети журналистика Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, 1700 мақолаи илмии устодони донишгоҳ ба табъ расиданд, ки 70-тои он дар маҷаллаҳои байналмилалӣ нашр гардидааст.
Ҷамъбасти сессияҳои зимистона ва тобистона муайян намуд, ки азхудкунии дарсҳо аз ҷониби донишҷӯён ба 77 дарсад расидааст. Оид ба нақшаи қабули донишҷӯён зикр шуд, ки барои соли таҳсили 2023-2024 дар маҷмӯъ, донишгоҳ бояд 4656 нафар донишҷӯро (1104 нафар буҷетӣ) ба таҳсил фаро гирад.
- Ҳоло қабули довталабон идома дошта, аз натиҷаи ниҳоии он ҳатман иттилоъ хоҳем дод, — афзуд Қобилҷон Хушвақтзода.
Ректори донишгоҳ дар посух ба саволи хабарнигори «Садои мардум» барои таъсис додани рӯзнома дар назди факултети журналистикаи донишгоҳ гуфт: «Ба ин хотир, аллакай ба Вазорати фарҳанги ҶумҳурииТоҷикистон мактуб ирсол намудаем. Интизор меравад, ки моҳи сентябр ё октябр аввалин шумораи он зери унвони «Қалам» аз нашр барояд».
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»