Аз нишастҳои матбуотӣ

Таҳияи гузоришҳои телевизионӣ оид ба саноатикунонии мамлакат

№95 (4515) 29.07.2022

5Тибқи назарсанҷие, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази тадқиқотӣ – сотсиологии «Зеркало» гузаронд, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар раддабандии шабакаҳои марказии телевизионӣ пешсаф (63 фоиз) буда, зинаҳои баъдиро ТВ Тоҷикистон (59 фоиз) ва «Синамо» (37,6 фоиз) ишғол карданд.

Тайи шаш моҳи аввали соли равон лоиҳаҳои нави «Дари умед», «Соядаст», «Чарх бизан», «Чеҳраи ноошно», «Хати зиндагӣ», «Дар саҳро», «Нақш» ва «Олиҳа» рӯи кор омаданд. Ин барномаҳо аллакай доираи бинандагони худро пайдо кардаанд. Дар ин давра Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 дастуру роҳнамои асосии кормандони шабака буд. Вобаста ба шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паём 28 барномаи телевизионӣ таҳия ва пахш гардид. Дар шаш моҳи аввали соли равон вобаста ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва пешбурди сиёсати иқтисодии он, эълони панҷсолаи рушди саноат идораи барномаҳои иттилоотии муассиса аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат 54 гузориш таҳияву пахш кард. Ҳамчунин, се нашри барномаи «Тавозун» ба ин мавзӯъ бахшида шуд. Алҳол дар шабака 57 барномаи мунтазам, дар жанрҳои гуногун таҳия ва пешниҳоди бинанда карда мешавад.

Ин ва дигар маълумот зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карим Азизов 26 июли соли равон пешниҳод гардид.

Масоили барномаҳои таҳлилӣ, маърифатӣ, пешниҳоди филмҳои тарбиявӣ, ҷалби эҷодкорон (адибону олимон, рӯзноманигорон, ҳунарпешагон, ҳаҷвнигорон) ба барномаҳо, интихоби кадрҳои болаёқат барои фаъолият дар телевизион низ мавриди суҳбати аҳли нишаст қарор дошт.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»