- Соли сипаришуда барои донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли ҷашну рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои илмӣ маҳсуб меёбад.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯйи сол — 2016» сазовори ҷойи аввал гардидани донишҷӯйи курси сеюм Мадина Дилоева, сазовори ҷоиза шудани донишгоҳ дар озмуни «Даҳгонаи беҳтарини макотиби олии Тоҷикистон — 2016», мақоми аввалро сазовор шудан дар озмуни телевизионии «Истеъдод» баёнгари гуфтаҳои болоянд, — изҳор дошт Шарифзода Мумин Машокир – ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки 12 январи соли 2017 доир гардид.
- Воқеан ҳам, устодони донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини амнияти зеҳнӣ, тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, афзун намудани дастовардҳои илмӣ кори зиёдро ба анҷом расониданд, — гуфт ӯ.
Тайёр кардани кадрҳо, таъмини сифати таълим вобаста ба талаботи таҳсилоти кишварҳои пешрафта ва дар ин замина ба шароити иқтисоди бозорӣ мутобиқ сохтани онҳо мадди назари омӯзгорони донишгоҳ мебошад.
Донишгоҳ аз рӯи 16 ихтисос, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй мебошад, таълимро ба роҳ мондааст. Айни ҳол шумораи умумии донишҷӯён 4 780 нафарро ташкил медиҳад. Донишгоҳ бо 11 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ дорад.
Доир ба ташкил кардани таълими ҳарбӣ, ривоҷи туризм ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ, таъмини хатмкардаҳо бо ҷойи кор, вазъи зисти донишҷӯён хабарнигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
А. Мирзозода, «Садои мардум»