Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишҷӯён дар чорабиниҳои варзишӣ фаъоланд

№ 08.08.2023

1024630308_0_0_3000_1884_1920x0_80_0_0_cb450258a6c1ddead30f1397ebfaf0547 — уми августи соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада, доктори илми педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров бо ёдоварӣ аз дастовардҳои нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷумла гуфт:

Дар донишкада  4180 нафар донишҷӯён – 3147 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 877 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Аз ин теъдод  156 нафар тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил доранд.

Донишҷӯёне, ки ятими куланд, аз маблағи таҳсил ва хобгоҳ озод буда, дар ошхонаҳои ҳудуди муассиса рӯзе ду маротиба ройгон бо хӯрок таъмин мешаванд. Дар асоси муроҷиат ва пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат аз пардохти 50 фоиз маблағи таҳсил ва хобгоҳ озод карда мешаванд. Инчунин, дар давоми соли таҳсил дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ донишҷӯёне, ки ятими кул ва аз оилаҳои камбизоат  мебошанд аз 500 то 1000 сомонӣ мукофотпулӣ (илова ба стипендияи муқарраргашта) мегиранд, — афзуд ректори донишкада.

Дар нимсолаи сипаригашта дар таърихи Тоҷикистон баргузор шудани Гран-прии Душанбе – 2023 рӯйдоди муҳим маҳсуб меёбад. Дар омодасозӣ ва баргузории ин мусобиқаи бонуфуз аҳли донишкада низ ҳиссаи шоиста гузоштанд. Иттилоъ гирифтем, ки шумораи зиёди иштирокчиён аз мунтахаби Тоҷикистон ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқа, аз ҷумла М. Сӯфиев, Б. Хоҷазода ва Т. Раҳимов, Шодмон Ризоев, Мулораҷаб Халифаев, Шоҳида Қаландарова дастпарварони донишкада мебошанд. Умуман,  ҳоло аксарияти узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дастпарварони донишкадаанд.

Дар Универсиадаи тобистона, ки дар шаҳри Чэндуи Чин чанд рӯз пеш ҷараён дошт, 4 варзишгари донишкада — Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Улуғбек Раҳимов (-100кг), Мансур Раҳмон (+100кг) аз намуди ҷудо ширкат карда, маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар ин мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ аз 46 давлати ҷаҳон зиёда аз 300 варзишгар дар намуди ҷудо ширкат доштанд. Дастпарварони донишкада Шаҳбоз Саидаброров ва Шодмон Ризоев ба гирифтани ҷои панҷум, шомили 7 — гонаи беҳтарин варзишгарони мусобиқа гардиданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

 «Садои мардум»