Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишҷӯёни ятими кулл идрорпулии махсус мегиранд

№101 (4684) 14.08.2023

ДОНИШКАДАИ ЗАБОНХО

- Дар давраи ҳисоботӣ барои татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастовардҳои назаррас таъсиси 21 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва беруна ҷавобгӯйбуда дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура PhD ба ҳисоб меравад, — иттилоъ дод ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикис­тон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода зимни нишасти матбуотӣ 4-уми августи соли равон.

Дар шаш моҳи аввали соли равон Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 12 нафар омӯзгорро барои аз такмили ихтисос ва 15 нафар донишҷӯро барои идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат равона намуд, ки аз 12 нафар омӯзгор 3 нафар ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва 9 нафар ба Федератсияи Россия фиристода шуданд. Ҳамзамон 15 нафар донишҷӯ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Кореяи Ҷанубӣ 2 нафар, Ҷопон — 4, Ҳиндустон — 1 ва  Федератсияи Россия 8 нафар, ҷалб гардиданд.

Айни ҳол дар донишгоҳ 3 нафар омӯзгори хориҷӣ, аз ҷумла як нафар шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, як нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва як нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият намуда истодаанд. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 586 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шуда, 10 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забони тоҷикӣ дар назди кафедраҳо таҳсил менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ 41 нафар донишҷӯ бинобар сабаби аз оилаҳои камбизоат, ятиму нимятим ва дорои имкониятҳои маҳдуд аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил озод карда шуданд.

Дар заминаи роҳнамоию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон раёсати донишгоҳ ба 6 нафар донишҷӯи ятими кулл таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳар моҳ дар ҳаҷми 250 сомонӣ ба онҳо кумакпулӣ ҷудо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мутахассисонро аз рӯи 11 забон ва 3 ихтисос дар зинаи бакалавриат, магистратура ва докторантура бо касбҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»