Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 90 — сола мешавад

№94 (4356) 17.07.2021

mahmadyorzoda-mamur14 июли соли 2021 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нишасти матбуотӣ доир шуд.

Азбаски рӯзноманигорон бо «Гузориши матбуотӣ» (12 саҳифа) пеш аз оғози нишаст шинос шуданд, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Усмон Маҳмадёрзода чорабиниро аз саволу ҷавоб оғоз намуд.

Маълум гардид, ки ҳамрадиф бо таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 90 — умин солгарди таъсисёбиашро қайд мекунад. Ба ин муносибат дар саҳни бинои асосӣ нимпайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гузошта мешавад.

Имсол 10 факултети донишгоҳро 1766 нафар (614 нафар буҷетӣ ва 1090 нафар шартномавӣ) хатм намуданд. Аз теъдоди умумии онҳо шаш нафар гирандагони стипендияи президентӣ, 60 нафар соҳиби дипломи аъло, 282 нафар аълохон ва 12 нафар ихтироъкор мебошанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи 11 мавзӯи фармоишӣ ва 10 мавзӯи сарборӣ корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида шуданд. Баҳри амалисозии лоиҳаҳои фармоишии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маблағгузоришуда 70 корманди илмӣ, аз ҷумла, 14 доктори илм, 24 номзади илм ва 32 омӯзгору дастёр сафарбар гардиданд.

Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» дар донишгоҳ озмунҳои «Беҳтарин ихтироъкор ва навовари сол», «Лоиҳаи беҳтарини инноватсионӣ», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ — 2021» доир шуд.

Т. НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»