- Дастоварди аз ҳама муҳим ва чашмраси коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соли 2022 иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ намудани заҳмату талошҳои аҳли мансубин, ба донишгоҳ табдил додани муассиса ва мақоми байналмилалиро касб кардани он ба ҳисоб меравад,- изҳор дошт ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Асрорзода Убайдулло Саттор зимни нишасти матбуотӣ, ки 9-уми феврали соли ҷорӣ доир гардид.
Ректор дар идома зикр кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба тавозуни донишгоҳ гузаронида шуд. Иқдомоти мазкур ба раёсати донишгоҳ имкон фароҳам меорад, ки кадрҳои баландихтисосро дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода созад. Дар баробари ин, соли гузашта кафедраи ҳарбӣ низ таъсис ёфт.
Ҳамчунин, огоҳӣ ёфтем, ки дар донишгоҳ вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, татбиқи муқаррароти «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» барои пешбурди фаъолияти таълимӣ донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои нав — полиси сайёҳӣ, тибби сайёҳӣ, сайёҳии осоишгоҳӣ — табобатӣ, иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия иҷозатнома гирифт.
Яке аз масъалаҳои муҳими самти тарбия дар донишгоҳ дастгирии табақаи ниёзманд буда, 16 нафар ятими кулли дар донишгоҳ таҳсилдошта пурра аз пардохти маблағи таҳсил озод ва бо идрорпулӣ, хӯроки гарми яквақта, сарулибоси мавсимӣ таъмин мебошанд.
Дар шароити воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалиро роҳбарияти донишгоҳ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим шуморида, давоми соли гузашта бо 41 донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмӣ — таҳқиқотии хориҷ аз кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»