Ин нуктаро ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон, ки 16-уми июли соли равон баргузор гардид, зикр кард.
- Иншоот бо дастгирии Вазорати маориф ва илми кишвар, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва маъмурияти донишгоҳ бунёд хоҳад шуд.
Бунёдкорӣ дар ин макони илму маърифат муташаккилона ҷараён дошта, сохтмони бинои муҳташами асосии донишгоҳ, маркази компютерӣ ва китобхона идома доранд, - иброз дошт роҳбари муассисаи таълимӣ.
Ҳамчунин, донишгоҳ бо сафоратхонаҳои Федератсияи Россия ва ИМА ҳамкориро баҳри омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҷоннок намуда, аз оғози соли таҳсили 2021 «Русский центр» ва «Гӯшаи Амрико»-ро бо таҷҳизоти таълимӣ ва технологияи муосир мавриди истифода қарор дод. Илова бар ин, бо ташкилоти ғайридавлатии «Good naihbor» (Ҳамсояи хуб) оид ба омӯзиши технологияи муосир ва таъмини донишҷӯдухтарони маъюб бо компютер шартнома баста шуд. Дар назар аст, ки соли оянда омӯзиши забони хитойӣ ба роҳ монда шавад.
Дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона донишҷӯён аз 68 шаҳру ноҳияи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз рӯи 70 ихтисос мутахассис омода мешавад.
Кормандону омӯзгорони донишгоҳ беш аз 1000 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 20 доктори илму профессор ва 150 номзади илму дотсент мебошанд. Дар зарфи шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ 14 омӯзгор рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар таълимгоҳ 448 донишҷӯ (278 духтар ва 170 писар) тибқи Квотаи президентӣ ва 234 нафар аз давлатҳои хориҷӣ таҳсил доранд.
- Иқдоми наҷиби дигаре, ки дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар амалӣ хоҳад шуд, чопи энсиклопедияи донишгоҳ мебошад, — гуфт С. Давлатзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»