Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон. 15 ҳазор сомонӣ ба олимони оянда

№22 (4605) 08.02.2023

Машраб_Файзуллоев_1- Дар донишгоҳ тибқи иқдоми махсус ба ҳар омӯзгоре, ки номзадиашро ҳимоя мекунад, 15 ҳазор сомонӣ туҳфа карда мешавад, — гуфт ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Машраб Файзулло сеюми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Ректор афзуд, ки соли 2022 устодони донишгоҳ 10 диссертатсия, аз ҷумла 4 докторӣ ва 6 номзадӣ, ҳимоя кардаанд. Ҳоло дар донишгоҳи мазкур 2 шӯрои диссертатсионӣ амал мекунад.

 Шумораи умумии омӯзгорони доимии то 35-сола 96 нафарро ташкил дода, аз 63-сола боло 66 нафар мебошад. Теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмӣ 79 нафар аст.

Машраб Файзулло, ҳамчунин зикр кард, ки дар соли таҳсили 2022-2023-юм 288 донишҷӯи хориҷӣ аз 11 кишвар — Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Полша, Кореяи Ҷанубӣ, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳсил мекунанд.

Айни замон шумораи умумии таълимгирандагони Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон 5362 нафар мебошад, ки аз онҳо 3803 кас дар шуъбаи рӯзона ва 1559 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Инчунин, 381 магистрант дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»