Дар мавсими қабули имсола ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро, дар умум, 33531 нафар интихоб карданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ 1-уми августи соли равон ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода иттилоъ дод.
Ин давра дар доираи барномаи мубодилаи донишҷӯён 9 нафар ба Донишгоҳи давлатии Петрозаводск, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар шудаанд.
Айни замон 746 донишҷӯи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон, Чин ва Федератсияи Россия дар донишгоҳ таҳсил менамоянд.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»