Соли сипаришуда як омӯзгори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов рисолаи докторӣ ва 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.
Ҳамин тариқ, шумораи омӯзгорони унвони илмидошта ба 52 нафар расид. Ин нуктаро ректори донишкада Шодӣ Сафаров панҷуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Бино ба гуфти ӯ, дар давраи мавриди назар бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тибқи талабот ба роҳ мондани ин раванд маводи ёрирасони таълимӣ барои фанҳои тадрисшаванда таҳия шудаанд.
Номбурда, ҳамчунин, зикр кард, ки сессияи зимистонаи соли хониши 2018-2019 тибқи талаботи меъёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва гузаронида шуд. Фоизи дарсазхудкунӣ 94,91 дарсадро ташкил дод. Соли равон толори имтиҳонгирӣ бо 70 компютер, 4 принтер ва проектор муҷаҳҳаз ва барои супоридани имтиҳонҳо шароити мусоид фароҳам гардид.
Шодӣ Сафаров изҳори хушнудӣ кард, ки донишҷӯёни донишкада дар мусобиқаҳои варзишии дохил ва хориҷи кишвар фаъолона ширкат варзида, бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 18 кафедра ва 5 факултет фаъолият дорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»