Даҳуми августи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Алмосшо Шоҳиён иттилоъ дод, ки фаъолияти таълимии Донишкада аз рӯи 4 факултет ва 10 кафедра, 33 ихтисос дар зинаи бакалавриатура, 10 ихтисос дар зинаи магистратура ва 10 ихтисос дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси (Phd) ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки алҳол дар донишкада 2127 нафар донишҷӯ аз тамоми шаҳру навоҳи ҷумҳурӣ ба таълим фаро гирифта шуда, 1580 нафари онҳо тариқи шартномавӣ, 519 нафар тариқи буҷавӣ ва 29 нафар тибқи квота таҳсил мекунанд. Ба толибилмон 165 нафар профессору омӯзгор таълим медиҳанд.
Зимни нишаст ҳамчунин, гуфта шуд, ки соли ҷорӣ Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлобро 370 нафар донишҷӯ аз ҷумла 15 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуда, аз шумораи хатмкардагон 193 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Шумораи донишҷӯёни тибқи квота таҳсилдошта дар донишкада 29 нафар, аз ҷумла тибқи Квотаи президентӣ 3 нафар мебошанд.
Гуфта шуд, ки дар давраи зикршуда 11 нафар донишҷӯи донишкада дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
“Садои мардум”