Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон (ДСРТ), ки 31- уми июли соли равон баргузор гардид, ректори он Машраб Файзулло қайд намуд, ки алҳол дар донишгоҳ 5226 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯёне, ки аз ҳисоби буҷет таҳсил менамоянд, 1800 нафар мебошанд.
Соли хониши 2022-2023- юм 993 нафар донишгоҳро хатм намуда, аз ин шумора 84 нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кор фиристода шуданд. Мутаассифона, ин рақам нисбат ба соли 2022- юм 20 фоиз кам аст.
Соли 2022- юм 11 лоиҳаи илмӣ аз буҷети давлат (398862 сомонӣ), 7 лоиҳаи илмӣ ва таълимӣ аз ҳисоби маблағгузории Барномаи рушди донишгоҳ амалӣ гардид. Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар донишгоҳ 9 лоиҳаи илмӣ, ки аз буҷети давлат дар ҳаҷми 398 ҳазору 862 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст амалӣ мешавад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки 13 лоиҳаи илмӣ ва таълимӣ ба маблағи 1 миллиону 337 ҳазору 399 сомонӣ аз тарафи Барномаи рушди донишгоҳ солҳои таҳсили 2023-2025 амалӣ гардад.
Нимсолаи аввал донишҷӯёни донишгоҳ дар 15 чорабинии гуногун, аз ҷумла конфронсҳои илмию амалӣ, машварату мизҳои гирд ва озмуну олимпиадаҳо иштирок намуданд. 35 нафар донишҷӯ дар лоиҳаи федералии «Донишгоҳи тобистона» («Летний университет») дар шаҳрҳои Красноярск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия ширкат варзиданд.
Кафедраи кимиё ва биологияи донишгоҳ, ки соли 2019 таъсис ёфт, барои гузаронидани дарсҳои амалӣ озмоишгоҳ надошт. Ба суоли хабарнигори рӯзнома: «Оё дар солҳои минбаъда ин мушкил бартараф хоҳад шуд?», М.Файзулло чунин посух гуфт:
-Бале. Ҳоло барои гузаронидани дарсҳои амалӣ ду озмоишгоҳ дорем, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъминанд. Якуми сентябри соли гузашта аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ таҷҳизоти иловагӣ дастрас гардид. Албатта, дар ин самт камбудиҳо низ ҳастанд, вале мо кӯшиш менамоем, ки ҳар чӣ зудтар бартараф гарданд. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои кимиё, физика ва биология ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Ҳоло се нафар ғолибони олимпиадаҳо барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия даъват шудаанд.
Н.НИЗОМӢ,
«Садои мардум»