Ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Зарина Ибодзода дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти донишкада дар нимсолаи якуми соли 2024, аз ҷумла зикр намуд, ки барои гузаронидани дарсҳои амалӣ (клиникӣ ва то клиникӣ) ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар назди донишкада маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ фаъолият мекунад.
Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, эндоурология, стоматологияи муолиҷавӣ, гинекологӣ ва терапевтӣ ба донишҷӯён дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ гузаронида, беморон ба табобат фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, донишкада бо 47 муассисаи тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ барои дарсҳои таълимӣ-амалӣ ба имзо расонид.
Теъдоди донишҷӯён 2461 нафар буда, аз ин шумора донишандӯзони хориҷӣ 67 нафарро ташкил медиҳад.
- Соли 2024 донишкада аз аккредитатсияи байналмилалӣ аз рӯи барномаи таҳсилоти ихтисоси «Кори табобатӣ» гузашта, барои се сол соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсионии байналмилалӣ шуд, — иброз намуд ректор. Дар идома гуфт, ки омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар намоишҳо, конференсияҳо ва олимпиадаҳои байналмилалӣ, инчунин, озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»