Аз нишастҳои матбуотӣ

ДТИТ. Таъсиси як факулету 5 ихтисоси нав

№ 12.02.2025

Дон Тиби Ичтимои (2)Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон нақша дорад дар оянда бо назардошти талабот факултети бозомӯзӣ ва такмили ихтисос таъсис диҳад, ки дар он омӯзиши як қатор ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, таъсиси 5 ихтисоси нав дар назар дошта шудааст.

Дар ин бора Зарина Ибодзода, ректори донишкада зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Айни ҳол дар донишкада 29 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин 5 кафедра соли ҷорӣ таъсис дода шудааст.

Соли 2024 ба донишкада 863 нафар довталабон қабул карда шудаанд, ки 96,4 фоизи нақшаи қабулро ташкил медиҳад. Дар заминаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (самти тиб) идомаи таҳсил 67 нафар ва дар шакли таҳсилоти дуюм (баъди таҳсилоти олии касбӣ) 12 нафар қабул карда шуданд. Дар умум, қабул 942 нафарро ташкил медиҳад, ки 58 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»