Ба ҷои кор тақсим намудан ва мониторинги хатмкунандагон яке аз вазифаҳои афзалиятноки донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар соли 2024 аз 531 нафар хатмкардаи шуъбаи рӯзона 438 нафарашон бо ҷои кор таъмин гардиданд, ки дар умум, 82,4 фоизро ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба соли 2023-юм 10 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки донишгоҳ бо ҷалби зиёда аз 40 ширкату корхона намоишгоҳҳо ва ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ барои хатмкунандагон баргузор намуд. Айни замон дар донишгоҳ дар 221 гурӯҳи академӣ, ки аз ин 140 гурӯҳи таҳсилашон ба забони тоҷикӣ, 68 русӣ ва 3 гурӯҳи ангилисӣ аст, дар маҷмӯъ, 3100 донишҷӯ тибқи низоми кредитӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
М. СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»