Аз нишастҳои матбуотӣ

ДТТ. Дараҷаи дарсазхудкунӣ — 88,2 фоиз

№19 (4439) 10.02.2022

000ректори технологи Илхом Амонзода- Раёсат ва коллективи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) кӯшишро барои расидан ба сифати баланди омодасозии мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир равона намуда, сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, ба даст­овардҳои назаррас  ноил гардид, — иброз дошт ректори он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Амонзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 3 феврали соли ҷорӣ баргузор шуд.

Дар сохтори донишгоҳ ҳашт факултет, 19 кафедра, ду марказ, инчунин, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, гимназия дар шаҳри Кӯлоб ва литсейи  инноватсионии «Душанбе» мавҷуд буда, теъдоди донишҷӯёни таълимгоҳ 5139 нафарро ташкил медиҳанд ва тибқи низоми кредитӣ, ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Соли гузашта ДТТ барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ якчанд нақшаю чорабиниҳо андешида, онҳоро зина ба зина амалӣ кард ва мавқеъашро дар фазои таҳсилоти олии Тоҷикис­тон ва берун аз он боло бурд. Агар соли 2018 дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар донишгоҳ ҷойи 12-умро ишғол карда бошад, соли 2021 он ба мақоми ҳаштум  баромад. Се барномаи  таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд.

Раёсати ДТТ ба мазмун ва мундариҷаи  нақша ва барномаҳои  таълим аҳамияти хоса зоҳир намуда, бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таркиби нақшаҳои таълимиро  аз рӯи 49 ихтисоси амалкунандаи  донишгоҳ такмил дода, барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, миқдори соатҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ зиёд карда шуда, бо дарназардошти таъмини рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишгоҳ барои кушодани ихтисосҳои «Системаҳои зеҳнии компютерӣ» ва «Баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудит дар саноат» иҷозатнома гирифт.

Дараҷаи дарсазхудкунӣ 88,2 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 7 фоиз боло рафт. Соли 2021 ДТТ — ро 1384 нафар аз рӯи 39 ихтисос хатм намуданд.

А. МУРОД,

«Садои мардум»